БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАРБИЯ КОРИ МАКТАБ АСТ Ё ОИЛА?

Волидайн фарзандони хешро баъзан нозпарвар мекунанд, ки ин  амал чандон натиҷаи хуб надорад. Зимнан падару модарон фарзандони худро аз хурдсолӣ ба фаровонӣ одат кунонида, ҳар талаби онҳоро бекаму кост ба ҷо меоваранд ва ҳатто барои иҷрои дархостҳои нав ба нави онҳо ваъда медиҳанд.  Бачаҳоро дар хона ба ягон кор машғул наменамоянд ё ба онҳо супорише дода, иҷрояшро ба таври  ҷиддӣ кабул намекунанд, дар онњо озодагию адабро намепарваранд.

Ҳеҷ гоҳ барои иҷрои супориш ё коре туҳфа ё мукофот ва ё пул, хоҳ чизи дигар ваъда кардан, ҳамзамон додан даркор нест. Ба андешаи банда ин амал ба тарбияи кӯдак таъсири манфӣ мерасонад.

Баъзе падару модароне ҳастанд, ки кӯдаки хурдсоли худро чун изҳори муҳаббат назди меҳмон мешинонад ё болои зону дошта, ҳар чизи дилкашашро аз дастархон гирифта ба он кӯдак медиҳанд. Кӯдак ба ин тадриҷан одат мекунад. Минбаъд кӯдак дар сурати ташрифи меҳмон худсарона аз дастархон бе пурсиш аз неъматҳои мавҷуда гирифта ба даҳон мезанад ва шояд дасти ношуста бошад, ки ин назди меҳмон чандон амали хуб нест. Дар чунин кӯдакон баъди калон шуданашон одати чашмгуруснагӣ, баднафсӣ боқӣ монда, нозу неъмати дастархонро пинҳонӣ ба ҷайб меандозанд.  

Вакте ки кӯдак ба синни мактабӣ мерасад, барои тарбияи ӯ ба волидайн мактаб мадад мерасонад. Муттаассифона, баъзе падару модарон баъди ба мактаб рафтани фарзанд нисбати тарбияаш бепарво шуда, ин масулиятро пурра вазифаи мактаб медонанд. Онҳо фаромӯш месозанд, ки бачаҳо дар мактаб 5-6 соат дарс мехонанду боқимондаи вақти онҳо дар хона мегузарад.  Баъзан волидайн намедонанд, ки давоми рӯз фарзандон машғули чӣ кор мегарданд. Қисме аз бачаҳо гурӯҳ-гурӯҳ шуда, вақташонро дар қади кӯча беҳуда сарф карда, бетартибӣ мекунанд, дарахтонро мешикананд, ҷойҳои ҷамъиятиро ифлос мекунанд ва амсоли инҳо. 

Агар оила ба тарбияи фарзандон эътибори ҷиддӣ дода, онҳоро солиму солеҳ ба воя расонад ва дар ташаккули шахсиятиашон  аҳамияти зарурӣ диҳад, чунин фарзандон дар ҷомеа ҳатман мавқеи худро пайдо карда, номбардори падару модари худ мегарданд.

Қурбонгул Раҷабова, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи  КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон                                                                                                                  

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg