БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАДБИРҲО БАҲРИ ТАЪМИНИ БЕХАТАРИИ АҲОЛӢ АЗ ПАҲНШАВИИ МАВҶИ ДУЮМИ COVID - 19

А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Намояндагон аз Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ корҳои фаҳмондадиҳиро миёни аҳолии ноҳия дар кӯчаю хиёбонҳои шаҳраки Абдураҳмони Ҷомӣ дар нуқтаҳои интиқоли маблағҳо, бозорҳо ва фурӯшгоҳҳо, ки анбӯҳи зиёди одамон ба мушоҳида мерасад, ба роҳ монданд.

Дар рафти мулоқоту вохӯриҳо ҳизбиён бо мақсади ҳифзи саломатии сокинон, таъмини бехатарии аҳолӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии мавҷи дуюми бемории сироятии коронавирус бо мардум суҳбатҳо гузаронида, барои риояи масофаи байниҳамдигарӣ, пӯшидани ниқобҳои тиббӣ ва худдорӣ аз ҷамъомадҳо, гаштугузорҳо мардумро огоҳ карда, тавсияҳои муфид доданд.

Ҳамзамон ҳизбиён тавассути радиои маҳаллӣ муроҷиати Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 ба саҳми мардум расониданд.

Дар раванди вохӯриҳо ба мардум ниқобҳои тиббӣ ва маҳлулҳои антисептикӣ дастрас гардонида шуд.

          

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg