ПАНҶ. Бо мақсади шарҳу тавзеҳи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ки ҳамаи онҳо инъикосгари арзишҳои миллии мо дар ҷаҳони пуртаззоди муосир мебошанд, бо истиқоматкунандагони деҳаи қалъаи Ҳусайни ҷамоати деҳоти ба номи Кабут Сайфутдинови ноҳияи Панҷ вохӯрӣ доир гардид.
Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ оид ба сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, ҳадафҳои бунёдкоронаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва дар амал татбиқ намудани «Соли тақвияти робита бо маҳал», тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятии ВИЧ/СПИД, сил, гепотит, аз муоинаи тиббӣ гузаштани шаҳрвандони аз муҳоҷирати меҳнатӣ баргашта, рушди ҳунарҳои мардумӣ, пешгирӣ ах хурофоту бегонарарастӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз суханронӣ намуда, сокинонро ба корҳои созандагию бунёдкорӣ даъват карданд.
Зимни баргузории вохӯрӣ дар баробари тарғибу ташвиқи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, инчунин ҳадаф аз таъсиси ташкилоти ибтидоии нави ҳизб дар деҳаи калъаи Ҳусайн буд, ки ин пешниҳодро бошандагони деҳот бо хушҳолӣ пазируфтанд.