БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАШАББУСКОРӢ ДАР МУҚОВИМАТ БО ПАНДЕМИЯИ COVID-19

А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ вобаста ба пешгирӣ ва муқовимат бо бемории сироятии коронавирус кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ ва дар миёни мардум корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монданд.

Дар раванди мулоқоту вохӯриҳо гурӯҳи таблиғотӣ ба мардум ҷиҳати беҳдошти саломатиашон тавсияҳо дода, аз ҷумла таъкид намуданд, ки  ҳангоми баромадан аз хона ҳатман ниқобҳои тиббӣ пӯшанд ва ба ин васила худ ва атрофиёнро аз сироятёбии бемории коронавирус эмин нигоҳ доранд.

Инчунин, вобаста ба баланд бардоштани маърифати тиббии аҳолӣ масъулин  бо сокинон суҳбатҳо гузаронида, ёдовар шуданд, ки бо амалу тадбирҳои пешгирикунандаи бемории сироятии коронавирус, аз қабили риояи гигиенаи шахсӣ, риояи масофаи иҷтимоӣ, истифодаи доимии маҳлулҳои антисептикӣ ва бо маводҳои лозимии санитарию эпидемиологӣ безаррар гардонидани кӯчаю маҳаллаҳо ва хонаҳои истиқоматӣ ба тарзи ҳаёти солим саҳмгузор бошанд ва пешгирии бемории сироятии коронавирусро аз табобати он афзалтар донанд. 

Гурӯҳи таблиғотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба сокинон ниқобҳои тиббӣ ва маҳлулҳои антисептикии аз ҷониби шахсони саховатпеша дастрасгардидаро тақсим намуданд.   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg