БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН ВАЗИФАИ МО - СОКИНОН АСТ!

ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тақсимоти маводҳои таблиғотӣ бо усули “хона ба хона” оид ба пешгирии ин вирус ва ҳамчунин истифода бурдани оқилона ва мақсадноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои ёрирасон бо  сокинони деҳаи Кӯҳдомани Ҷамоати деҳоти Панҷ ба роҳ монда шуд.

Масъулин дар рафти чорабинии мазкур қайд намуданд, ки бемории сироятии COVID-19 дар як муҳлати кӯтоҳ зиёда аз 220 давлати сайёраро убур кардааст, ки сироятёбиаш аҳли оламро то ба ҳол ба коми худ  кашида истодааст. Зиёда аз ҳашт моҳ мешавад, ки хавфи бемории коронавирус аҳолии ҷаҳонро ба таҳлука андохтааст. Ин бемории сироятӣ  90 дар сади калонсолонро гирифтори худ карда,  аз байн бурдааст. Аз ин рӯ риояи масофа гирифтани байни ҳам, пӯшидани ниқоб ва сари вақт шустани дастон бо собун зарур шуморида мешавад. 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg