Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав бо мақсади дастгирии иҷтимоию иқтисодӣ ва баланд доштани руҳияи табибон, ҳавасмандгардонии онҳо бо дастгирии вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Носири Хусрав Муборакшои Бозоралӣ ва аъзои ҳизб Нормуродов Ёрмат ба Беморхонаи марказии ноҳия маводи ғизоӣ кумак расонида шуд.
Кормандони касалхонаи марказӣ аз ин иқдоми ватандӯстона руҳбаланд гардида, миннатдории худро ба шахсони саховатпеша ҷиҳати дастгириашон баён карданд.