БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДУ ОИЛАИ МУҲТОҶИ ЁРӢ ДАСТГИРӢ ЁФТ

ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вақте, ки шахси муҳтоҷи ёрӣ аз оилаи ниёзманд аз ҷониби  соҳибдиле, шахси дилсӯзу хайрандеш дастгирӣ меёбад, шодию хурсандии ӯро тасаввур кардан мушкил аст. Онҳо ва махсусан кӯдакони аз падар маҳруммонда ва маъюбони модарзод, ки имконияти роҳ рафтан надоранд, бо гирифтани кумак дар арафаи иду ҷашнҳо  ба зиндагӣ  дар оянда дилгарм мегарданд.

Ҳар кӣ хадонад ятими  хастаро,

Боз ёбад ҷаннати дарбастаро,- гуфтан ба ин лаҳзаҳои ҳузнангез ишора менамояд. Кормандони  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ховалинг чунин ҳолатро ҳангоми ба оилаи маъюб Ҳисайн Солеҳов ва  зани танҳо бо 6 кӯдаки ятим Шоҳзамонова Холисамо бо дастгирии  вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ховалинг Авзалбӣ Файзова  ба онҳо расонидани кумаки моддӣ бараъло мушоҳида намуданд.  Вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Авзалбӣ Файзова  бори аввал нест, ки чунин кумакҳоро ба оилаҳои ниёзманд мерасонад. Ӯ минбаъд ҳам азм дорад, ки дар доираи имконият шахсони муҳтоҷи ёриро ҳаматарафа дастгирӣ намояд.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg