БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СИЁСАТИ ИНСОНДӮСТОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ РОҲНАМОИ АМАЛҲОИ ХАЙРУ САВОБ ГАРДИДААСТ

ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали ба сари ҳокимият баромаданаш сиёсати ятимпарварона  ва инсондӯстонаро пеша намуда, ҳамагонро барои дастгирии ятимон, барҷомондагон,  одамони яккаву танҳо ва дигар шахсони ниёзманд, иҷрои дигар корҳои хайру савоб, аз ҷумла сохтмони роҳу пул, мактабу беморхона, бинои муассаисаҳои хизматрасонӣ ва дигарҳо    даъват ва ҳидоят менамоянд. Дар ҳақиқат он амалҳои хайрхоҳонае, ки Пешвои миллат ба иҷро мерасонад, намунаи ибрат ва боиси дастгирӣ мебошанд.

Баъди ҳар амали хайре, ки аз ҷониби Пешвои миллат ва дар асоси ҳидоятҳояшон аз ҷониби  соҳибкорон,  вакилони мардумӣ ва дигар шахсони хайрандеш ба аҷом расонида мешавад, ҳисси қаноатмандӣ ва  эҳтироми мардумро ба Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бештар мегардонад. Ҳамин ҳисси эҳтиром нисбат ба Пешвои миллат  ва дастгирии сиёсати инсондӯстона,  созанда ва бунёдкоронааашон аст, ки   бо ҳидоятҳояшон  соҳибкорони муваффақ  даст ба корҳои хайру савоб мезананд.  Ба он корҳое, ки зиёда аз  миллион сомонӣ маблағ талаб менамояд. Чунин дастгирии сиёсати инсондӯстона, созанда  ва бунёдкорнаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами  ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро имрӯз дар ҳама шаҳру ноҳияҳо  мушоҳида  намудан мумкин аст.

Боиси қаноатмандист, ки маҳз дар асоси ҳамин сиёсати ободкоронаи Пешвои миллат бо дастгирии фарзандони диёр-Ховалинг дар давоми ду – се  соли охир симои худро ба кулӣ дигар намуда, маркази он ба шаҳраки зебои замонавӣ табдил ёфт.

Вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, соҳибкорон, дигар шахсони хайрандеш ва дорои имконият дар пайравӣ ба сиёсати инсондӯстонаи Сарвари давлат дар арафаи иду ҷашнҳо ятимону бепарасторон ва дигар шахсони яккаву танҳоро бо таъмини маводи хӯрокворӣ ва маблағҳои пулӣ дастгирӣ ва шоду хурсанд менамоянд.

Вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ховалинг, Одина Каримов яке аз онҳоест, ки дар иҷрои сиёсати ятимпарварона ва инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эомалӣ Раҳмон мунтазам саҳмгузорӣ менамояд.

Амали хайрхоҳонаи вакили мардумӣ Одина Каримов, ки дар арафаи иди сайиди Қурбон ба анҷом расонид,  шоистаи таҳсин ва боиси дастгирии дигарон аст.  Мавсуф  ба 25 нафар шахсони ниёзманд – беморони бистарӣ, маъюбони модарзод, шахсони бепарастори яккаву танҳо аз  оилаҳои  камбизоат кумаки моддӣ расонид.

Ҳамаи онҳое, ки аз дастгириҳои вакили шахси  хайрхоҳ  бархурдор гардиданд, дар ҳаққи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Каримов Одина дуои нек намуда, аз чунин дастгирӣ изҳори миннатдорӣ намуданд.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg