ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.
Бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавирус ва ба мардум фаҳмонидани моҳияти истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, президентӣ ва хоҷагии деҳқонӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг бо сокинони кӯчаи ба номи Сайдалӣ Вализода бо усули “хона ба хона” суҳбат намуда, ба иштирокдорон дар бораи роҳҳои пешгирии бемории сироятии ковид-19 ва дар шароити рӯз зарурати истифодаи заминро ба таври васеъ фаҳмониданд.
Дар рӯзи баргузории суҳбат 76 нафар сарварони оилаҳо оид ба масъалаҳои ҳалталаби рӯз маълумоти зарурӣ пайдо намуданд.