ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вобаста ба солимии аҳолӣ ва пешгирии бемории сироятии COVID- 19 кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо сокинони деҳаи Файзободи Ҷамоати деҳоти Даштигуло корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.
Зимни вохӯрӣ мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Проштов Сино иброз дошт, ки ҳоло хавфи паҳншавии бемории сироятии коронавирус аз байн нарафтааст ва ҳоло ҳам гирифторшавӣ ба ин беморӣ дида мешавад. Аз ин рӯ, мардум бояд бепарво набошанд ва тадбирҳои пешгирикунандаи бемории сироятӣ аз тарафи сокинон риоя карда шаванд. Инчунин, масъулин таъкид намуданд, ки шаҳрвандон бояд мулоҳизакор бошанд ва талаботи беҳдоштии шахсӣ ва ҷамъиятиро риоя намуда, ба паҳншавии ин беморӣ роҳ надиҳанд.