ЛЕВАКАНТ. Дар ҷамоати деҳоти Гулистон, деҳаи Эшонободи шаҳри Левакант дар оилаи Валиевҳо маҳфили «Оилаҳои ибратомӯз» баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Назарова Фароғат, мудири шуъбаи кор бозанон ва ҷавонони Кумитаи иҷроия Бобоҷонова Гулҷаҳон, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия Валиев Суҳроб ва хонандагони синфҳои болоии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и шаҳр ва дигар шахсони расмӣ иштирок доштанд.
Дар маҳфил Назарова Фароғат дар бораи оила ва мафҳумҳои оиладорӣ, ҷиҳати тарғиби урфу одат ва анъанаҳои мардумӣ, пешгирӣ намудани онҳо аз хурофоту дигар амалҳои зарарнок ва дар роҳи тақвияти ваҳдату дӯстӣ раҳнамун сохтани онҳо ибрози андеша намуда, ба сарвари оилаи ибратомӯз Бердӣ Валиев, ки ҳамчун раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар деҳаи Эшонобод фаъолият дорад, бо Сипоснамаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант қадрдонӣ карда шуд.