ВОКУНИШ. Ин калимаи қабеҳ нисбати шахсоне гуфта мешавад, ки ба дурӯғгӯӣ, шайтонӣ, иғвоандозӣ, сиёҳ кардани одамони бегуноҳ машғуланд. Ин қабил одамон на ин дунё доранду на он дунё. Дар ин дунё онҳоро чун шайтонҳои зинда мешиносанд. Шайтонҳое, ки рӯяшонро сиёҳ карда, бо суханҳои бофтаю сохта мехоҳанд дар байни мардум нооромиро ба вуҷуд биоранд. Имрӯз дар нақши шайтонҳои зинда лаънаткардагони халқ роҳбарони ташкилоти террористӣ – экстремистии Ҳизби наҳзати ислом, Гурӯҳи - 24 ва бо ном Паймони миллӣ бозӣ карда истодаанд. Онҳо аз сомонаҳои интернетӣ чизе бар забон ояд мегӯянд, гарчанде медонанд, ки дар ҷавоб ба ҳафт пушташон лаънат мешунаванд.
Ҳамаи ҷонканиҳои онҳо дар асоси дастуру супориши хоҷагонашон ба он равона аст, ки обрӯ ва нуфузи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар байни мардум паст намоянд. Вале, баръакс, баъди ҳар баромади иғвоангезонаи онҳо хизматҳои шоистаи Пешвои миллат, ин абармард, ки баъди интихоб гардиданаш ба мансаби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба савганди худ содиқ монда, ба мардум сулҳ овард, сулҳе, ки имрӯз дар фазои он мардум шоду хурсанд зиндагӣ менамоянд, пеши назар меояд. Вақте, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғами миллат, ғами давлатро мехӯрд, он пароканда нашавад, шумо иблисон ғами худро мехӯрдед, ки чи тавр маблағҳои ҳангуфт ба даст биоред, ғами онро мехӯрдед, ки чи тавр мансабҳои баландро соҳиб шавед. Шумо набудед, ки музокироти сулҳро барои дигарон не, барои миллати азияткашидаи тоҷик чандин сол кашол додед. Имрӯз қотилони фарзандони номдор ва сарсупурдаи миллат ба он иқроранд, ки ҳамаи он кушторҳо бо супориши роҳбарони Ҳизби наҳзати ислом бо мақсади беобрӯ намудани давлат ва роҳбарияти он ба амал оварда шуда буд. Агар амалҳои ношоистаи шуморо то табаддулоти ҳарбие, ки бо дастони генерали хоин Ҳоҷӣ Ҳалим ба амал оварданӣ будед, як – як шуморем, вақту соати зиёдеро мегирад. Гумон накунед, ки инро мардуми Тоҷикистон намедонад ва ё фаромӯш мекунад. Ҳеҷ гоҳ!
Баромадҳои воизони ташкилотҳои террористӣ пистаи бемағзро мемонад. Пистае, ки аз дарунаш сиёҳӣ, пӯсиши мағз бараъло намоён аст.
Яке аз душманони давлату миллат бо ном Муҳаммадиқболи Садриддин дар баромади худ оид ба таҷлили иди сайиди Қурбон ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон, Афғонистон ва роҳбарони ин давлатҳоро ситоиш намуд, ки барои баргузории намози ид ва хонагардак шароит фароҳам оварданд, вале дар Тоҷикистон чунин шароит барои мусулмонон фароҳам оварда нашуд. Президенти мамлакат дар қатори мардум намоз нагузошт.
Эй, ноогоҳон, эй, лаънатӣ, ҳамин шумо набудед, ки дар давоми думоҳе, ки бемории коронавирус дар Тоҷикистон ба қайд гирифта нашуда буд, бо тамоми қувва ҳангос мезадед, ки ин беморӣ дар Тоҷикистон вуҷуд дорад, вале онро ба хотири он, ки мардум бештар бимирад, пинҳон медоранд. Вақте ки Роҳбари давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон барои пешгирӣ аз паҳншавии ин бемории хавфноки сироятӣ, ки тамоми дунёро ба таҳлука андохтааст, чораандешӣ менамояд, ба таври дигар доира мезанед.
Шумо ҳеҷ гоҳ аз миллати худ, аз давлати худ, аз роҳбари давлати худ ( дигар ин миллат, давлат аз шумо нест, зеро хоини ин давлату миллатед) ифтихор надоред. Зеро пешрафту тараққиёти онро чашми дидан надоред. Вагарна ифтихор бояд намуд, ки Пешвои миллати тоҷикон дар қатори мусулмонони беҳтарини дунё ҷой гирифтааст. Ифтихор бояд намуд, ки дар Тоҷикистон ба эътиқоди динии одамон касе халал намерасонад. Ифтихор бояд намуд, ки дар ҳар деҳа масҷидҳо амал мекунанд. Боз чӣ намерасад? Шояд бигӯед, ки чаро мардумро маҷбур намекунанд, ки дар масҷид рафта намоз хонанд. Ҳамин ногуфта мондааст.
Мегӯянд, ки душман, ки гап наёфт ба думи саг эрод мегирад, ки он каҷ аст. Шумо хоинони миллат то ба ҳамин дараҷа омада расидаед.
Ҳамин ҳам гап шуд, барои ғамхории давлат нисбати саломатии мардум эрод бигиред. Аз ин ҳол мурдан беҳтар нест?
Мо, мардуми Тоҷикистон Пешвои худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дӯст медорем. Заҳмату меҳнати ӯро қадр менамоем. Фахр мекунем, ки чунин Пешво дорем, ки ҳамеша ғами халқро мехӯрад. Барои пешрафту тараққиёти Тоҷикистон шабу рӯз кӯшиш менамояд. Бо дастуру ҳидоятҳояш даст ба корҳои ободонию созандагӣ мезанем. Маҳз дар асоси сиёсати инсондӯстона, созанда ва бунёдкоронаи Пешвои миллат имрӯз Тоҷикистон ба ҳадафҳои стратегии худ ноил гардида истодааст.
Итминони комил дорем, ки баъди расидан ба ҳадафи чорум саноатикунонии босуръати кишвар Тоҷикистон дар радифи кишварҳои тараққикардаи ҷаҳон ҷой мегирад. Агар шумо хоинони миллат то он рӯз зинда бимонед, аз коронавирус ва дигар бемориҳо не, балки аз бухлу кинае, ки нисбати Пешвои миллат ва пешрафту тараққиёти Тоҷикистон доред, мисли саги сӯзанхӯрда ҷон диҳед.
Халилзода Сафар Хоҷа, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг