БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РИОЯИ ГИГИЕНАИ ШАХСӢ ОМИЛИ СОЛИМИИ МОСТ

ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар асоси дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизб корҳои фаҳмонидадиҳиро оид ба пешгирии паҳншавии бемории коронавирус ва истифобадарии мақсадноки заминҳои наздиҳавлигӣ бо усули “хона ба хона” дар маҳаллаҳои Ҷамоати шаҳраки Фархор доир намуданд.

Масъулин зимни суҳбат бо сардорони оилаҳо оид ба масъалаи тоза нигоҳ доштани гигиенаи шахсӣ суҳбат намуда, ҳамзамон ба онҳо варақаҳои таблиғотӣ ва ниқобу маводҳои безараргардониро тақсим карданд.

Инчунин, оид ба истифодабарии заминҳои наздиҳавлигиашон маслиҳатҳои муфид низ доданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg