ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади бархурдор намудани бемории сироятии коронавирус ва истифодабарии самараноки заминҳои кишоварзӣ, мулоқоти кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик бо кормандони техникии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28 - и деҳаи Иттифоқи Ҷамоати деҳоти Бобоюнус баргузор гардид.
Зимни суҳбат раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Раҷабзода Маҳмадсаид иброз намуд, ки баҳри солим нигоҳ доштани худ ва фарзандон, ки насли ояндаи миллат мебошанд, аз бемории сироятии COVID - 19 ва дигар бемориҳои сироятӣ пешгирӣ бояд кард. Ҳамзамон, оид ба ҷалби сокинон ҷиҳати зироаткорӣ, кишоварзӣ дар ҳар сотиқ замин, вусъат бахшидан ба корҳои бунёдкорию ободгароӣ бахшида ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ ва ҷиҳати ихтиёран сафарбар намудани ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва даъвати тирамоҳии соли 2020 ибрози сухан намуд. Сокинони деҳа баҳри таҳсил намудани фарзандон дар шароити хуб ба маблағи 1000 сомонӣ барои таъмири мактаб лавозимотҳои заруриро харидорӣ намуда, таъмирро идома доданд. Дар анҷом ба иштирокчиён муроҷиатномаи ҲХДТ оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирус, варақаҳои иттилоотии истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ ва китоби Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дастрас карда шуд.