БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОРҲОИ ТАБЛИҒОТӢ ВОБАСТА БА ПЕШГИРӢ АЗ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ ДАР АМАЛ

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант гурӯҳҳои таблиғотӣ дар деҳаҳои Ҷамоатҳои шааку деҳот, аз ҷумла биноҳои баландошёнаи маркази шаҳр Аксияи тарғиботӣ бо усули “хона ба хона” ва рӯ ба рӯ ҳамарӯза доир карда мешавад.

Мақсад аз баргузории ин Аксия пешгирӣ аз паҳншавии коронавируси навъи COVID – 19 буда, аз ҷониби масъулин ба аҳолӣ варақаҳои таблиғотӣ ва ниқобҳои муҳофизатӣ дастрас карда мешавад.

Ин навбат гурӯҳҳои таблиғотии Кумитаи иҷроияи ҳизбии шаҳрӣ дар маркази шаҳр ва маҳаллаи Обшорон бо мақсади ба дарки сокинон расонидани моҳияти дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба вазъи ноустувори ҷаҳони муосир дар шароити афзоиш ёфтани бемориҳои сироятӣ, ҷиҳати истифодаи самараноки ҳар қитъаи заминҳои наздиҳавлигӣ ва захира намудани маводи ғизоӣ, инчунин даъвати ҷавонон ба сафи хизмати ҳарбӣ ибрози ақида намуда, таъкид карданд, ки риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, истифодаи самараноки замин  ва ҷалби ҷавонон  ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ  яке аз  ҳадафҳои асосии  ҲХДТ мебошад.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg