БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЗАМИН НЕЪМАТЕСТ, КИ МО БОЯД БА ҚАДРАШ БИРАСЕМ!

ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Намояндагони  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Сулҳ” ҷиҳати мубориза бурдан бар зидди бемории сироятии коронавирус Covid-19, ки имрӯз тамоми ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, талош варзида истодааст. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ ба сокинон тавсия ва  таъкид намуданд, ки  кишти такрориро дар заминҳои наздиҳавлигӣ, хоҷагиҳои деҳқонию ёрирасон хуб ба роҳ монда,  ҳар ваҷаб заминҳои ба кишт имконпазирро оқилонаву самаранок истифода баранд.

Дар охир бо қувваи сокинон боғчаи назди маҳалла аз алафҳои бегона тоза карда шуда,  аз ҷониби масъулини кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб ба иштирокчиён ниқобҳои тиббӣ ва варақаҳои иттилоотӣ тақсим карда шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg