![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/20200722_153247%20%20%204.jpg?itok=QZM3hdWw)
МУЪМИНОБОД. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Гулистони Ҷамоати деҳоти ба номи Нуралишо Назарови ноҳияи Муъминобод корҳои ободонию созандагӣ бо маром идома дошта, сокинон ҷои зисти худро таъмиру азнавсозь ва тозаву озода карда истодаанд, ки аксари корҳои ободонӣ бо тариқи ҳашар сурат гирифта истодааст.
Дар корҳои ободонии навбатӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод Раҷабова Гулсунбӣ ва роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” Ҳайдарзода Рамазон иштирок дошта, вобаста ба масъалаҳои мубрами рӯз суханронӣ намуданд.
Чунин корҳои ободониву созандагӣ дар дигар кӯчаю деҳаҳои Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бо маром идома дорад.