БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ФАЪОЛИЯТИ ВОЛОНТЁРӢ ВА НАҚШИ ОНҲО ДАР ҲАЁТИ СИЁСИЮ ИҶТИМОИИ МАМЛАКАТ

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Аъзои маҳфили волонтёрони  намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар якҷоягӣ бо кормандони  Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ  аз рӯйи нақшаи кории худ дар китобхонаи марказии шаҳр бо аъзои фаъоли китобхона вохӯрда, дар бораи аҳамияти китобу китобхонӣ дар таҳкими дониш ва ташаккули тафаккури зеҳнии инсон сухан гуфтанд.

Дар рафти суҳбат волонтёрон, инчунин дар бораи фаъолияти волонтёрӣ ва аҳамияти он дар баланд гардидани донишҳои ақлонӣ, зеҳнӣ ва ҷисмонии ҷавонон, ҷалби бештари онҳо ба ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ ва корҳои ободониву созандагӣ  гуфтугӯ намуда, онҳоро барои пайвастан ба ин маҳфил даъват карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg