КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб вобаста ба мавзӯҳои мубрами рӯз аз рӯи ҷадвали тасдиқшуда дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб суҳбату мулоқотҳо доир намуда истодаанд.
Дар ташкилоти ибтидоии "Оби тоза" бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Фирӯзи Саидмӯъмин суҳбат вобаста ба пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус, инчунин оид ба Амалиёти (аксияҳои) сайёҳию омӯзишӣ ва ободонии ҳизбӣ тавассути нишон додани лоиҳаи сохтмони иншооти гигиенӣ, маркази ҷамъиятии қабул ва фурӯши маҳсулотҳои ҳунармандӣ ва дар шафати он утоқи корӣ барои раиси Кумитаҳои маҳалла, махсусан дар ҳудуди деҳаю маҳаллаҳо анҷом дода шуд.
Дар фарҷом иштирокдорон низ баёни андеша карда, изҳор доштанд, ки барои амалишавии ташаббусҳои роҳбарияти ҲХДТ ҳамеша ҷаҳду талош хоҳанд кард.