КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб вобаста ба мавзӯҳои мубрами рӯз аз рӯи ҷадвали тасдиқшуда дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб суҳбату мулоқотҳо доир намуда истодааст.
Ин навбат масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Сомониён" хониши сиёсӣ доир намуданд.
Дар рафти вохӯрӣ масъулин оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус, истифодаи самаранокии замин, маъракаи муҳимми сиёсӣ – обунашавӣ ба нашрияҳоии ҳизбии “Минбари халқ” ва “Ҳамрози халқ” ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз суҳбат намуда, аз иштирокчиён даъват ба амал оварданд, ки дар маъракаи обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ фаъолона саҳм гузоранд.