БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САМАРАНОК ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИН ҲАТМӢ МЕБОШАД

ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади ба мардум фаҳмонидани дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ оид ба истифодаи самараноки замин бо усули  “хона ба хона” кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар кӯчаи ба номи Мирзо Турсунзодаи Ҷамоати шаҳраки Ҳулбук ҳамарӯза бо сокинон вохӯриву суҳбатҳо гузаронида  истодаанд.

Дар баробари гузаронидани суҳбату вохӯриҳо намояндагони ҳизбӣ аз заминҳои наздиҳавлигии сокинон дидан намуда, ҷиҳати истифодаи самараноки қитъаи заминҳои кормандон, гузаронидани кишти такрорӣ, ҳосилхез намудани заминҳо ва бо ин мақсад таъмини аҳли оилаи худ ва бозори истеъмолӣ бо сабзавоти тару тоза ва хушсифати ватанӣ маслиҳатҳо доданд. Сипас, ба хотири маълумоти бештар доштани сокинон маводҳои таблиғотӣ оид ба масъалаҳои дар боло зикршуда тақсим карда шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg