![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/20200803_095915.jpg?itok=oBp2bYIX)
ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ бо усули “хона ба хона” бо сокинон дар кӯчаи Душанбеи Ҷамоати шаҳраки Ҳулбук суҳбат гузарониданд.
Дар рафти ин чорабинӣ бо сокинон оид ба пешгирии бемории коронавирус корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, ба онҳо ҷиҳати риоияи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ, истифодаи самараноки қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, хушк намудани меваҳои баҳорӣ таъкид карда шуд.
Инчунин, бо ҳар як нафар ҳамсуҳбат шуда, ба онҳо маводҳои таблиғотӣ дастрас карда шуд.