Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо усули “хона ба хона” дар маҳаллаи Зархези Ҷамоати деҳоти Туғаланг оид ба истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва дигар заминҳои дар ихтиёрдоштаашон вохӯрӣ доир намуданд.
Дар суӽбат Алиев Зафар иброз дошт, ки барои таъмини зиндагии шоиста аз заминҳои наздиҳавлигии худ ва хоҷагиҳои ёрирасон самаранок истифода намуда, кишту кори зироатҳоро ба роҳ монанд ва ҳосили фаровон ба даст оваранд, наздикони худ ва дигаронро аз маводи озуқаворӣ таъмин созанд.