БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ “ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР” СОЛҲОИ 2018-2028. БА ҚАДРИ ОБ БИРАСЕМ

АНДЕША. 21-уми декабри соли 2016 Маҷмааи Умумии СММ Қатъномаро зери унвони “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028” бо иттифоқи оро ва бо ҳаммуаллифии 177 кишвари узви  ин созмон қабул намуд. Ташаббуси эълон намудани ин Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” бори аввал аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон,  дар рафти Форуми 7-уми ҷаҳонии об дар Ҷумҳурии Корея баён гардида буд. Қатънома аз 22-юми марти соли 2018 шурӯъ шуда, 22-юми марти соли 2028 ба анҷом мерасад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, то дар идомаи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, солҳои 2005-2015”, Даҳсолаи нави байналмилалӣ ҷиҳати эҷоди заминаи устувор барои ҳамоҳангсозӣ ва ҳавасмандгардонии талошҳо ба мақсади ҳаллу фасли мушкилоти марбут ба мудирияти масъалаҳои об мусоидат менамояд, роҳандозӣ шавад.

Қабули Қатъномаи мазкур чорумин ташаббуси ҷониби Тоҷикистон дар самти ҳалли масъалаҳои об дар сатҳи ҷаҳонӣ мебошад. Маврид ба ёдоварист, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2003 “Соли оби тоза”, солҳои 2005-2015 Даҳсолаи байнамиллаиӣ “Об барои ҳаёт”, соли 2013 соли “Дипломатияи дар соҳаи об” ва солҳои 2018-2028 Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” эълон гардида буд.

Имрӯз Тоҷикситон дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати ташаббускор дар ин самт эътироф гардидааст. Вобаста ба ин масъала чандин маротиба дар пойтахти давлатамон шаҳри Душанбе конференисияву симпозиум, ҳамоишҳои сатҳи баланд доир гардид, ки аз эътирофи ҷаҳонӣ ёфтани Тоҷикистони сиҳибистиқлоламон сарчашма мегирад.

Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об, моҳи августи соли 2013; Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба натиҷаҳои татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, моҳи июни соли 2015  ва дигарон аз ҷумлаи онҳо мебошад.

Қатъномаи маҷмааи Умумии  Созмони миллали муттаҳид ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилаии амал “Об барои рушди устувор” масъалаҳои зеринро фаро мегиранд: рушди устувор ва мудирияти ҳамгироёнаи захираҳои об ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва муҳити зистӣ; тавсеаи ҳамкорӣ ва шарокат ба татбиқи вазифа ва ҳадафҳои марбут ба захираҳои об.

Ҷузъ аз ин Қатънома аҳамияти рушди истифодаи оқилонаи обро бо дарназардошти робитаи мутақобилаи захираҳои об бо маводи ғизо, энергетика ва муҳити зист дар ҳама сатҳҳо таъкид мекунад.

Мо тоҷикистониёнро лозим аст, ки ба қадри ин неъмати бебаҳо, ки Худованд ба кишвари мо арзонӣ донистааст, бирасем. Дар самаранок ва сарфаҷуёна  истифода намудани об саҳми арзандаи худро гузошта, ба насли наврас маданияти баланди истифодаи оқилонаи об ва расидан ба қадри онро омӯзонем.

Мутахассиси шуъбаи ташкилӣ, назорат ва баҳисобгирии КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон  Давлатов Ҷаҳонгир

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg