БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САЛОМАТИИ ХУД ВА АТРОФИЁНАМОНРО ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!

Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Масъулини Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳияи  Носири  Хусрав бо  мақсади   таъмини  пешгирии  хатари  бемории  коронавирус корҳои  фаҳмондадиҳӣ  ва  риояи  қоидаҳои  беҳдоштиро  бо  усули  «хона  ба  хона»  ҳамарӯза  миёни аҳолӣ ба  роҳ  монда  истодаанд.  

Корҳои   фаҳмондадиҳӣ  ва  омилҳои  пешгирикунандаи  бемориро   тибқи  ахбори расмии  сомонаи  Вазорати  тандурустӣ ва  ҳифзи  иҷтимоии  аҳолӣ  ба  сокинони  деҳаи   Сангоба  3-и  Ҷамоати  деҳоти  Наврӯз  расонида, таъкид  карданд, ки ҳар  яки  мо  вазифадорем, ки  баҳри  сироят  наёфтан  ба  ин  беморӣ ва  паҳншавии  он  гигиенаи  шахсӣ, қоидаҳои  беҳдоштиро  риоя намуда, дар  ин  давраи  ҳассос  тибқи  тавсияи  мутахассисон рафтор  кунем ва  саломатии  худу  атрофиёнро  ҳифз  намоем. Ҳамчунин  ба  корҳои  ободонӣ  ва истифодаи  самараноки  заминҳои  наздиҳавлигӣ, хоҷагиҳои  деҳқонӣ  диққат  дода,  кишти  такрории  зироатҳоро хуб  ба  роҳ  монем. Ба  сокинон  барои  безараргардонӣ маводи  антисептикӣ,  аз  ҷумла  хлориди  калсий  ва  125  адад  ниқобҳои тиббӣ  тақсим   карда  шуд. 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg