ШАҲРИТУЗ. Дар деҳаи Айвоҷи ҷамоати деҳоти ба номи Ҷура Назаров бо иштироки мудири шуъбаи ташкилӣ ва ба ҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз Ҳамрозода Комил вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ масъулин шарҳу тавзеҳ ва татбиқи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ ва пешгирӣ аз майли бегонапарастӣ миёни ҷавонону занон, муборизаи идеологӣ бар зидди терроризм, экстремизм ва пешгирии гаравиши ҷавонон ба гурӯҳҳои тундгаро баррасӣ карда шуда, ҳамчунин иштирокдоронро ба корҳои ободониву созандагӣ, ҳифзи арзишҳои милливу дастовардҳои Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ даъват намуданд.