
ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо мақсади солим нигоҳ доштани шаҳрвандон бо сокинони кучаи Закариёи Розии шаҳраки Москва оиди пешгирии бемории сироятии коронавирус корҳои фаҳмондадиҳи гузарониданд.
Зимни вохӯрӣ мудири шуъбаи таблиғот, иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Гадоӣ Сайидалиев оид ба тавсияҳои Вазорати тандурустӣ ваҳифзи иҷтиомии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус бо сокинон суҳбат намуда, таъкид кард, ки беэҳтиётӣ нисбат ба талаботи гигиенаи шахсӣ боиси сар задани ҳодисаҳои нохуш шуда метавонад. Аз сокинон даъват ба амал оварда шуд, ки қоидаҳои беҳдоштиро риоя намуда, пӯшидани ниқобҳои тиббӣ, шустани дастон ба собун ва қоидаҳои гигенаи шахсиро риоя намоянд.