БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КИШТИ ТАКРОРӢ ДАР ЗАМИНҲОИ БЕКОРХОБИДА

ТЕМУРМАЛИК.  Дар доираи соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дирӯз кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик намояндагони Ҷамоати шаҳрак ва Умури Кишоварзии ноҳия бо сокинон дар замини кишти такрории заминҳои ҳудуди Ҷамоати шаҳраки Совет вохӯрӣ баргузор намуда, аз наздик шинос шуданд. Бо мақсади амалисозии барномаҳои давлатӣ ва истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ дар ноҳияи Темурмалик тадбирҳои судманд амалӣ гардида, аз ҳисоби заминҳои бекорхобида, майдони кишти мош, лӯбиё ва ҷуворимакка ташкил карда шудааст.

Ин навбат хоҷагидорон аз дастгириҳои бевоситаи давлату Ҳукумат нисбат ба дастрасии деҳқонон ба замин изҳори миннатдорӣ намуда, ваъда доданд, ки ҷавобан ба ин ҳама ғамхориҳои Сарвари давлат, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти хушсифат ҳиссаи бештаре гузоранд. Дар охир, ба иштирокчиён муроҷиатномаи ҲХДТ оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирус ва варақаҳои иттилоотӣ оид ба истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ дастрас карда шуд.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg