
ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади баргузории корҳои тарғиботӣ ва фаҳмонидани чораҳои пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус COVID-19 кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант дар биноҳои баландошёнаи кӯчаи Борбади шаҳр ва дар шоҳроҳи мошингарди марказӣ вохӯрӣ бо усули “хона ба хона” ва “рӯ ба рӯ” доир гардид.
Ҳамзамон, масъулин қайд намуданд, ки барои пешгирӣ аз ин бемории сироятӣ мардум бояд аз ниқобҳои муҳофизатӣ истифода бурда, ҳамеша оби ҷӯшонидашуда нӯшида, аз беҳудагардӣ дар кӯчаву маҳаллаҳо худдорӣ намоянд. Ба қоидаҳои беҳдоштӣ, махсусан бо собун шустани дастон эътибори махсус додан лозим аст. Инчунин, ҳангоми мушоҳидаи аломатҳои ин беморӣ ҳатман ба табибон муроҷиат намудан аз чораҳои асосии пешгирии коронавирус мебошад. Зикр гардид, ки ҳифзи солимии аҳолии кишвар яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Дар охир аз тарафи кормандони Кумитаи иҷроия барои маълумоти бештар гирифтан аз ин бемории сироятӣ ба сокинон варақаҳои тарғиботӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус тақсим карда шуд.