
МУЪМИНОБОД. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар маркази ноҳияи Муъминобод бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешгирии мавҷи дуюми бемории сироятии коронавирус Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Саломатӣ ганҷи ноёб ва дурдонаи бебаҳо» бо иштироки намояндагони ШВКД, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод Алишери Амрохон, мудири Бахши ҷавонони ноҳия Раҷабов Абдулло, Беморхонаи марказӣ, волонтёрони назди Кумитаи иҷроия ва аъзои намояндагии ТҶҶ "Созандагони Ватан" баргузор карда шуд.
Дар аксияи мазкур ба 220 нафар сокинон 110 ниқобҳои муҳофизатӣ ва 220 адад маводҳои иттилоотии короновирус дастрас карда шуда, таъкид гардиданд, ки дар ҷойҳои серодам пӯшидани ниқобҳои тиббиро фаромӯш насозанд ва гигиенаи шахсиро риоя кунанд.