БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПӮШИДАНИ НИҚОБИ ТИББӢ МОРО АЗ ҲАМАГУНА БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ МУҲОФИЗАТ МЕКУНАД

МУЪМИНОБОД. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, ки яке аз  самтҳои афзалиятноки фаъолияти  ҲХДТ ба шумор меравад, намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод бо истиқоматкунандагони деҳаи Кулчашмаи Ҷамоати деҳоти ба номи Нуралишо Назаров оид ба самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ ва пешгирии сироятёбӣ аз мавҷи дуюми бемории коронавирус бо усули “хона ба хона” корҳои оммафаҳмонӣ баргузор намуда, ба иштирокчиён аз ҷониби шахсони масъул ба миқдори 28 дона ниқобҳои муҳофизатӣ ва 38 адад  маводҳои иттилоотӣ доир ба пешгирии бемории коронавирус дастрас карда шуд.

Дар вохӯрии навбатӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод  Раҷабова Гулсунбӣ ва  дигар шахсони даъватӣ вобаста ба пешгирии сироятёбии авҷи дуюми бемории короновирус ва инчунин, самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ  андешаронӣ карда шуда,  масъулин таъкид карданд, ки дар ин давраи  мураккаб мо бояд ба қоидаҳои беҳдоштӣ риоя намуда,  пӯшидани ниқобҳои  тиббиро  фаромӯш накунем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg