БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХОНИШИ СИЁСӢ СУДМАНД АНҶОМ ЁФТ

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб вобаста ба мавзӯҳои мубрами рӯз аз рӯи ҷадвали тасдиқшуда дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб суҳбату мулоқотҳо доир намуда истодааст.

Бо иштироки мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Мунавараи Бозоралӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Раёсати фарҳанги минтақаи Кӯлоб" суҳбат атрофи пешниҳоди сарвақтии мақолаву андешаҳо ва вокунишҳо барои пурра сохтани фазои иттилоотии мамлакат доир гардид.

Дар вохӯрӣ иброз гардид, ки вобаста ба самту соҳаҳои худ ё доир ба ҷашнҳои давлативу ҳизбӣ андеша ё мақолаҳои хешро ба унвонии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб барои чоп дар нашрия ва сомонаҳои ҳизбӣ пешниҳод намоед. Мавсуф дар идома шаҳр дод, ки бо ин амал мо метавонем фазои иттилоотии мамлакатро аз лиҳози хабарҳои неку созанда пур созем ва дар фарҷом даъват ба амал овард, ки барои пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус қоидаҳои беҳдоштиро риоя намоянд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg