
КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар доираи ҷадвали тасдиқшуда дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ хонишҳои сиёсӣ гузаронида истодаанд.
Дар ташкилоти ибтидоии "Парасту" бо иштироки мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва таҳлили Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Шоева Дилноза, роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Парасту" Юсупова Ҳангома, аъзо ва ҷонибдорони ҳизб суҳбат ҷиҳати иҷроиши саривақтии обуна ба нашрияҳои "Минбари халқ" ва "Ҳамрози халқ" доир гардид.
Зимни баргузории вохӯрӣ иброз шуд, ки дар ҷараёни корҳои тарғиботӣ нашрияҳои Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ “Минбари халқ” ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон “Ҳамрози халқ” низ яке аз дастгоҳҳои бузурги идеологии ҳизбӣ ба ҳисоб меравад. Бинобар ин моро зурур аст, ки барои муташаккилона ва босифат ҷамъбаст намудани маъракаи обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода намуда, саҳмгузор бошем. Зеро нашрияҳои мазкур инъикоскунандаи асосии фаъолияти ҳизб ба ҳисоб меравад.