
ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонӣ бо ҷӯшу хурӯш идома ёфта, дар ин ҷода саҳми шахсони саховатпеша рӯз аз рӯз назаррас гардида исодааст.
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён барои саҳми арзандаи хешро дар ободонии диёр гузоштан дар маҳаллҳо корҳои фаҳмондадиҳиро ҷоннок намуда, фаъолони ҳизбродар корҳои созандагиву бунёдкорӣ беш аз беш ҷалб намуда истодаанд.
Тӯли як ҳафта инҷониб бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён таъмири капиталӣ ва сохтмони чор адад синфхонаи иловагӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11 бо маром ҷараён дошта, дар ин кори хайр ҳамчунини Кумитаи волидони муассиса ва соҳибкори маҳаллӣ ҷалб карда шудааст. Гарчанде то оғози таҳсили соли 2020-2021 рӯзҳои ба шумор монда бошад, ҳам иқдом гирифта шудааст, ки дар моҳи сентябр хонандагони муассисаи мазкур соли таҳсилро дар синфхонаҳои нави барҳаво оғоз кунанд.