БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХОИН АМАЛИ НЕШ ЗАДАНРО ДАР ХУД АВЛО МЕДОНАД

ВОКУНИШ. Азбаски, аз пеш маъракаи сиёсии баҳисобгирии аҳолӣ ва интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пеш моро интизор аст ва   барои  мо тақдирсоз  ба ҳисоб меравад. Бархе аз нохалафон  мехоҳанд, ба тарзи дуруст ва шаффофият гузаштани ин маъракаҳои сиёсӣ монеъа эҷод кунанд. Бо ҳар гуна роҳу усулҳо ҳамоиш доир карда, мардумро фирефтаи худ кардан мехоҳанд. Аз ин лиҳоз  моро мебояд зиракиву ҳушёрии худро ба кор бурда, бар зидди он хоиноне, ки берун аз мамлакат истода луқмапартоӣ мекунанд,  мубориза барем. Онҳо мехоҳанд шаъну шарафи  моро паст зананд, миллатамонро сарсону саргардон, фазоро нотинҷ созанд ва фикри ба харобазор  табдил додани Ватани моро доранд.  Ин гуна гурӯҳҳои нохалафон кам нестанд. Аз ҷумлаи онҳо дар дунё  гурӯҳҳои Толибон, ДИИШ,  ТЭТ, ҲНИ, ТЭ, АОТ ва гурӯҳи - 24  дар ҷомеаи ҷаҳонӣ зарари худро расонида истодаанд. Бештар ҷавононе, ки иродаи заиф, саводи кофӣ надоранд,  зуд фирефтаи онҳо  мешаванд. Тавре  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар Паёмашон таъкид намуданд: «Ҳар чӣ бештар ҷавононро ба ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ҷалб карда, саводнокиашонро баланд бардорем, то ин  ки омили ин гуна фирефтаҳо нашаванд, террористон дин, миллат, Ватан надоранд». Хоиноне, ки ба Ватанамон хиёнат кардаанд, кам нестанд. Аз ҷумлаи онҳо Муҳиддин Кабирӣ, Алим Шерзамонов, Шарофидин Гадоев ва Илҳом Ёқубов дар мансабҳои баланди давлатдорӣ кор карда, боз  ба гурӯҳҳои ифротгаро шомил гардида, мардумро бо ҳар роҳу васила ба ин гуна гурӯҳҳо ҳамроҳ карда, иғво бардоштан мехостан, аммо ба мақсадашон нарасиданд. Лекин то ҳол аз берун истода ба самти миллати тоҷик санг мепартоянд. Худашон хиёнат карданд, дигаронро ҳам  ба самти худ кашида истодаанд. Давлату  Ҳукумати Тоҷикистон  ҳеҷгоҳ хиёнаткорро намебахшад. Буданд баъзе нафароне, ки иродаашон заиф ба гурӯҳи ифротгарои ДИИШ шомил шуда, ба Сурия рафтанд. Ҳатто фикр накарданд, ки зану фарзандонаш  инҷо танҳо мемонанд худашон ваҳшиёна ҷиҳод мешавам гӯён худкушӣ мекунанд. Падару модар ранҷу диққат мекашад аз ғами ту барин  фарзанди нохалаф ҷигараш месӯзад. Ҳатто баъзе модарҳо мегӯянд, агар дар роҳи ватандӯстӣ ё муҳофизати Ватан каҳрамонона аз дунё мегузашт, шири додаамро мебахшидам, афсӯс, ки бо роҳи нодуруст дар Ватане, ки  таваллуд шудааст тамоми хешу пайвандонаш умр ба сар мебаранд зид баромада фавтидааст ман наметавонам шири сафеди додаамро бахшам. Ҳайф ба ту барин ҷавонмардон ҳамин Ватане, ки сулҳу субот, тинҷиву оромӣ ва амну озодӣ ҳукмрон аст, шукр намекунанду ба кишваре, ки ҷангзада аст роҳи бозгашт надорад  дидаву дониста мераванд. Ҳар чӣ бештар монеаи чунин одамон бошем ва ҷавононро бо руҳияи баланд  ватандӯст намоем то, ки гирифтори ин гуна амалҳои  номатлуб нагарданд ва дар роҳи ободиву созандагӣ баҳри Ватани худ саҳмгузор бощанд.

Исмоилов   Исматулло, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи  Дӯстӣ

                                                 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg