
ДАНҒАРА. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Аз ҷониби кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара бо мақсади расонидани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба оқилона, самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаби заминҳои наздиҳавлигӣ ва ба роҳ мондани кишти такрорӣ, ки аз он ду - се ҳосил дар як сол рӯёнида мешавад, бо сокинони деҳаи Рахшонзамини Ҷамоати деҳоти Корез суҳбатҳо баргузор намуданд. Дар суҳбаташон масъулин ҷиҳати захираи маҳсулоти кишоварзӣ барои зимистонгузаронӣ, аз ҷиҳати экологӣ нигоҳ доштани маҳсулоти кишоварзӣ ба сокинон тавсияҳо доданд.