БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАТАНИ АЗИЗАМОНРО БОЗ ҲАМ ОБОДУ ЗЕБО МЕГАРДОНЕМ

АНДЕША. Боиси ҳушнудист, ки дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистони биҳиштосо бо ҳидоятҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба раванди соҳибкасб ва соҳибҳунар ба камол расидани насли шоистаи замон тадбирҳо меандешанд.

Ҳамзамон бо мақсади ҳавасмангардонии аҳолӣ солҳои 2019 – 2020 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон шуд, ки вобаста ба таҳлили шуғли аъзои ҳар як оила Пешвои миллат раванди ҷалби онҳоро ба соҳаи кишоварзӣ, корҳои хонагӣ, косибӣ, ҳунарҳои мардумӣ, инчунин корҳои мавсимӣ, самаранок истифода бурдани ҳар як порчагӣ заминҳои наздиҳавлигиро ба роҳ монданд.

Ҷалби мардум ба ҳунаромӯзиву меҳнатдӯстӣ аз нигоҳи дини мубини ислом низ мардумро ба ҳунармандиву машғулият ба ин ё он  амали солеҳ ҳамеша раҳнамун сохта, ҳадафи аслии он ба инсонҳо хушбахтиву саодатмандиро насиб намудан аст. Барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30 -солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия корҳои шоён ба сомон расонида шуда истодааст, ки аз далериву ҷонфидоӣ ва худшиносиву ифтихорӣ ватандорон қисса мекунад. Дар як қатор деҳаю маҳаллаҳо корҳои ободонӣ бо суръати баланд ҷараён дошта, симои ноҳия, маҳаллу деҳот ба таври тасаввурнашаванда тағйир ёфта истодааст. Бо боварии комил гуфта метавонем, ки миллати мо тоҷикон ватандӯст, барои ободии диёри худ саъю кӯшиш намуда, боз ҳам ободтар ва хотири мардумро шод хоҳад кард. Мо ҳизбиёнро зарур аст, ки бо ҳалқ такя карда, ба ояндаи дурахшон умед баста, нерӯи тавонои  халқро ба самти ободии Ватан сафарбар намояд. Боварии мардум ба фардои дурахшони Ватан қавитар шудааст, ки ҳар фарди ватандӯст ифтихор аз давлати соҳибистиқлоли худ мекунад.

Дилафрӯз Воҳидова муовини раис- мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg