
ДАНҒАРА. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара вобаста ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус дар баробари ин оид ба истифодаи самаранокии заминҳои наздиҳавлигӣ дар деҳаву маҳаллаҳои ноҳия корҳои таблиғотӣ гузаронида истодаанд.
Дар вохӯрӣ бо сокинон масъулин ҷиҳати дубора хуруҷ кардани бемории коронавирус дар баъзе мамлакатҳои ҷаҳон, риояи фосилаи иҷтимоӣ, истифодаи ниқобҳои тиббӣ дар ҷойҳои ҷаъмиятӣ, инчунин ба роҳ мондани кишти такрорӣ дар заминҳои наздиҳавлигӣ суҳбатҳо гузаронида шуд.