
ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар арафаи иди Саиди Қурбон ба оилаҳои камбизоат ва оилаҳое, ки нафарони маъюб доранд, аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ кумакҳои моддиву молиявӣ расонида шуд.
Кумакҳои расонидашуда аз орду равған ва маҳсулоти қаннодиву нонӣ иборат буда, шаъсони ниёзманди ҷомеа аз ин иқдоми некии ҳизбиён руҳбаланд гардида, миннатдории хешро аз Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён доштанд. Бояд қайд кард, ки бахшида ба рӯзҳои ид Кумитаи иҷроияи ХХДТ дар ноҳияи Восеъ бо мақсади иҷрои дастур ва супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кумаку дасгириҳои хешро ба мардуми эҳтиёҷманд дареғ намедорад.