БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАР ЗИДДИ БЕМОРИИ КОРОНАВИРУС ҲАМА ЯКҶО ТАЛОШ МЕВАРЗЕМ

ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Барои тавсия ва фаҳмонида додани муҳтавои пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории сироятии коронавирус кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар маҳаллаи ба номи Абулқосим Фирдавсии Ҷамоати шаҳраки Ҳулбук корҳои фаҳмондадиҳӣ бо усули «хона ба хона» доир намуданд.

Зимни тақсимоти маводҳои таблиғотӣ ба сокинон намояндагони ҳизбӣ таъкид карданд, ки тибқи тавсияҳои мутахассисони соҳаи тандурустӣ ягона роҳи наҷот аз ин бемории хавфнок риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, истеъмоли ғизои солим, худдорӣ аз иштирок дар ҷойҳои серодам ва машғул шудан ба варзиш мебошад.  Бо ин мақсад аз сокинон даъват ба амал оварда шуд, ки аз тавсияҳои  мутахассисони соҳаи тибб истифода бурда, саломатии худро  нигоҳ доранд. 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg