
ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо максади пешгирӣ ва фаҳмонидани хатару оқибатҳои бемории коронавирус масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар маҳаллаи ба номи Садриддин Айнии Ҷамоати шаҳраки Ҳулбук корҳои фаҳмондадиҳиро оид ба пешгирии бемории сироятии COVID-19 ва омилҳои пешгирикунандаи бемориро дар байни сокинон бо усули «хона ба хона» гузарониданд.
Масъулин зимнан дар бораи масъалаҳои пешгирии бемории сироятии Covid-19, риояи қатъии қоидаҳои санитарӣ, гигиенаи шахсӣ ва амилҳои дигари пешгирикунандаи бемориҳои сироятӣ андешаронӣ карда, қайд намуданд, ки бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ саломатии хешро нигоҳ доранд. Инчунин, дар идома вобаста ба меҳнати софдилона машғул гардидани сокинон баҳри таъмини оилаи худ бо маҳсулотҳои тару тоза ва истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ тавсияҳои судманд дода шуд.
Ҳамчунин, ба шаҳрвандон вобаста ба масъалаҳои баррасигардида, варақаҳои таблиғотӣ тақсим карада шуд.