ҶАЙҲУН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХД дар ноҳияи Ҷайҳун дар ташкилоти ибтидоии «Мактаби ронандагӣ» чорабинии таблиғотии ҳизбӣ таҳти унвони «Сарфаву сариштакорона истифода бурдани нерeи барқ, ҷиҳати расидан ба ҳадафи стратегии кишвар «Таъмини истиқлолияти энергетикӣ» бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва таҳлили Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Обидов Фарҳод, мутахассиси шуъбаи мазкур Ғафорова Насима ва дигар шахсони масъул вохӯрӣ баргузор карда шуд.
Нахуст, Обидов Фарҳод қайд намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон се ҳадафи стратегии худро, аз ҷумла, таъмини амнияти озуқаворӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар ва таъмини истиқлолияти энергетикӣ тасдиқ намудааст ва пайи иҷрои мақсадноки ин ҳадафҳо корҳои лозимаро анҷом додааст.
Ин дастоварду комёбии бузург боиси шукргузории ҳар як шаҳрванди кишвар аз фазои субботу осоиштагии комил ва ваҳдати саросарӣ мебошад.