ХУРОСОН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон бахшида ба 73-юмин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ба аёдати иштирокчиёни ҷанг бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Саидзода Раҳмон Азим, сармуҳосиби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ғуломов Саидасрор ва дигар шахсони расмӣ рафта, аз шароити зисту зиндагонӣ ва ҳолу аҳволи онҳо аз наздик шинос гардида, суҳбати самимона анҷом доданд.
Иқдоми неки ватандӯстонаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон дар арафаи иду ҷашнҳои давлативу миллӣ ба шахсони яккаву танҳо барҷомондагон, шахсони ниёзманди ҷомеа, ятимону маъюбон пайваста роҳандозӣ карда шуда, ба онҳо маводҳои хӯрока ҳамчун кӯмаки яквақтаина расонида мешавад.