
БАЛҶУВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади пешгирии паҳншавии мавҷи дуюми бемории сироятии Covid-19 масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувон Аксияи тарғиботӣ ба роҳ монда шуда, аз сокинон бобати истифодаи ҳатмии ниқобҳои муҳофизатӣ ва гирифтани масофа дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва ҳамзамон риояи қатъии гигиенаи шахсӣ даъват ба амал оварданд. Дар рафти аксияи мазкур ниқобҳои муҳофизатӣ ва Муроҷиатномаи ҲХДТ ба сокинон тақсим карда шуд.