
Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ мулоқоту вохӯриҳо оид ба пешгирии бемории сироятии COVID-19 бо усули “рӯ ба рӯ” дар Ҷамоати шаҳраки Балх корҳои ташвиқотиву тарғиботӣ бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо маром ҷараён ёфта истодааст.
Кормандони ҳизбӣ зимни суҳбат иброз доштанд, ки бемории сироятии коронавирус имрӯзҳо ҷаҳонро ба таҳлука овардааст.Оламиён нигарони онанд, ки пеши роҳи ин вабои аср гирифта шавад.Ҳанӯз ҳам дар олам давое вуҷуд надорад, ки ин бемории ҳамагирро табобат намояд.Давлатҳои дунё ба қадри имкон барои пешгирии ин бемории оламгир кӯшиш карда истодаанд.Ҳар як иқдоме, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеш мегиранд,баҳри ободию шукуфоии давлат, ғамхорӣ нисбат ба мардуми шарифи Тоҷикистон ва дастболо гардидан ба ин вабои аср, яъне коронавирус мебошад.Аз ин рӯ мо шаҳрвандонро зарур аст, ки ба таҳлуқа наафтода ба ҳар гуна гапҳо бовар накарда, атрофи Роҳбари давлат сарҷамъ гардида, масъалаву мушкилоти пешомадаро фаврӣ ва дастаҷамъона ҳаллу фасл намоем. Дар охири суҳбат ба сокинон маводҳои таблиғотӣ дастрас карда шуд.