
ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Аъзои маҳфили волонтёрони намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” - и назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар толори маҷлисгоҳи Кумитаи иҷроия ҷамъ омада, дар якҷоягӣ бо масъулин нақшаи минбаъдаи фаъолияти худро мавриди муҳокима қарор доданд.
Қайд карда шуд, ки ҳарчанд хуруҷи бемории сироятии коронавирус ба амалӣ гардидани бандҳои алоҳидаи нақшаи кории маҳфил бетаъсир намонд, вале бояд роҳу усулҳои нави фаъолият ба роҳ монда шуда, фаъолнокии аъзои маҳфил таъмин гардад. Гуфта шуд, ки саҳми аъзои маҳфил дар пешбурди корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ вобаста ба пешгирии паҳншавии бемории COVID-19 калон аст, вале дар баробари ин баҳри иҷроиши бандҳои дигари нақшаи кории маҳфил бояд талош намуд.