БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОНРО ЗАРУР АСТ, КИ ШУКРОНАИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ КОМИЛИ САРТОСАРИРО НАМОЯНД

ВОКУНИШ. Дар ҷомеаи имрӯз мутаассифона ҳаст нафароне, ки пеш аз марги худ номи худро мемиронанд, яке аз он тоифаҳои зикршуда имрӯз нафароне ҳастанд, ки дар кишварҳои Ховари миёна ба мисли Сурия ва Ироқ рафта бо ҳамсар ва фарзандони худ қурбони даҳшатафкании бегона мегарданд. Ҷомеаи имрӯзаи ҷаҳониро ифротгароӣ, экстремизм ва терроризм ба ташвиш овардааст. Ифротгароӣ ва терроризм аз ҷумлаи ҳодисаҳоеанд, ки барои амнияти давлат ва миллати ҳар як кишвар ва тамоми қишри ҷомеаи ҷаҳонӣ хатар эҷод мекунанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар таъкид намудаанд, ки «Терроризм ва экстремизм аз як ҷониб чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз тарафи дигар аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист Ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст». Айни замон гурӯҳҳои террористии ба ном «Давлати исломӣ» барои анҷом додани ғаразҳои сиёсии худ ва истифода аз дини мубини ислом, баҳри татбиқи ҳадафи нопоки худ фаъолият доранд. Мақсади асосии ин гурӯҳҳои террористӣ пеш аз ҳама, расидан ба ғаразҳои сиёсию иқтисодист. Бояд қайд намуд, ки кулли пайравони ин гурӯҳҳо саводи мукаммали динӣ надоранд. Онҳо фақат бо як фаҳмиши маҳдуду зоҳирӣ аз ислом мусаллаҳ буда, аз асли таълимоти исломӣ, аз ҷанбаҳои маънавию рӯҳонӣ ва аз фалсафаю паёмҳои инсонгароёнаи он умуман, баҳраманд нестанд. Ин аст, ки аз арзишҳои баланде чун таҳаммулу таҳаммулгароӣ, некиву накӯкорӣ, тақвою парҳез, раҳму шафқат, озодиву озодагӣ, илму маърифат, фарҳангу маънавиёт, созандагию ободонӣ, ки ҷавҳари таълимоти исломиро ташкил мекунанд, дур мебошанд ва рӯҳия ва амали онҳо бештар ба ҳолати хушунату ваҳшоният наздик аст. Маҳз ҳамин хусусияти ифротгароёни динии муосир, яъне аз фарҳангу маърифату маънавиёт холӣ будани онҳо, имконият медиҳад, ки онҳо дар чунин муборизаҳо нақши нерӯи ваҳшии даҳшатафканро иҷро намоянд. Зеро, табиист, ки инсони дорои савод ва маърифати дурусти динӣ барои анҷоми чунин амалҳо ҳаргиз ҳозир ва қодир нест.

Он шахсоне, ки имрӯз бо фиребу найранг ба ин гурӯҳҳо шомиланд, роҳгумзадаанду дигар илоҷи бозгашт надоранд. Ҳар як шахси солимфикрро мебояд, ки пеш аз ба коре даст задан андеша бояд кард.

Сулҳе, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Тоҷикистон овард, нодиртарин ва қимматтарин неъмат мебошад.

Ба мо зарур аст, ки ин Ваҳдати миллӣ ва сулҳро чун гавҳараки чашм ҳифз кунем. Рӯ ба ҷавонон оварда, онҳоро ба он даъват мекунем, ки шукронаи ин неъмати Худододро кунанд ва баҳри сулҳу салоҳ, ободии кишвар саъю талош варзанд ва бо дили гарму қалби пок меҳнат намоянд. Нагузоранд, ки нохалафе фазои ороми Тоҷикистонро ғуборолуд созад.

Мо, халқи тоҷик ҳамеша ба суханони Асосгузори суҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайравӣ намуда, терроризм ва экстремизмро шадидан маҳкум менамоем. Барои ҳифзи якпорчагии ин Ватани биҳиштосо ҳамеша омодаем ва сиёсати хирадмандонаю бунёдкоронаи Пешвои миллатро дастгирӣ мекунем.

Ҳикматзода Ҷумахон, аъзои гурӯҳи таҳлилии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg