БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АМАЛИ ҲИЗБИЁН БАҲРИ МУҚОВИМАТИ ДАСТАҶАМЪОНА БО ПАНДЕМИЯИ COVID-19

А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ амалу тадбирҳои лозимиро баҳри муқовимат ва пешгирии бемории сироятии коронавирус дар ҳудуди Ҷамоати шаҳраки Абдураҳмони Ҷомӣ роҳандозӣ намуданд.

Мулоқотҳо усули “хона ба хона” доир карда шуда, аз ҷониби намояндагон ба аҳолӣ ниқобҳои тиббӣ ва маҳлулҳои антисептикие, ки аз ҷониби шахсони эҳсонкор ба Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб дастрас гардидааст, тақсим карда шуд. Дар рафти мулоқот намояндагон ба мардум дар бораи риояи гигиенаи шахсӣ, риояи масофаи байниҳамдигарӣ, тез-тез шустани дастон бо собун, истифодаи маҳлулҳои антисептикӣ ва пӯшидани ниқобҳои тиббӣ тавсияву маслиҳатҳо доданд.    

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg