Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Носири Хусрав даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон Ватани азизи ман» байни наврасону ҷавонон баргузор гардид.
Дар озмун 10 нафар ғолибони даври аввали муассисаҳои таълимӣ ва Ҷамоатҳои деҳот иштирок намуда, ҳайати ҳакамон таҳти роҳбарии сардори Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон Абдуллозода Аловиддин ба маҳорати сарояндагӣ ва натоқии иштрокчиён баҳои баланд дода, 4 нафар ғолибонро ба даври вилоятии озмун пешниҳод карданд.
Рафти баргузории озмун тариқаи 4 шабакаҳои телевизионӣ ба навор гирифта шуд.