БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЗАНОН ДАР МАРКАЗИ ТАВАҶҶУҲИ ДАВЛАТУ ҲУКУМАТ ҚАРОР ДОРАНД

КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён аз Маркази омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ воқеъ дар маркази ноҳияи Кӯшониён дидан карда,  бо  занону духтарони Маркази омӯзишӣ  суҳбат намуданд.

Зимни суҳбат масъулини ҳизбӣ иброз доштанд, ки занон дар маркази таваҷҷӯҳи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва давлату Ҳукумати Тоҷикистон қарор дошта, ҷиҳати баланд бардоштани нақши онҳо дар ҷомеа иқдомҳои созанда амалӣ карда мешавад. Таъмини иштироки фаъолонаи занону бонувон дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодиву фарҳангии кишвар меҳвару ҷавҳари фаъолияти ҲХДТ-ро ташкил медиҳад.

Шоистаи таъкид аст, ки бо  ташаббуси  Кумитаи  Иҷроияи  Марказии  Ҳизби  Халқии  Демократии  Тоҷикистон  ва  Сафорати  Ҷумҳурии  мардумии  Чин  дар  ноҳияи  Кӯшониён  бо  мақсади  эҳё  намудани  ҳунарҳои  миллии  ниёгон,  таъмини  шуғл  ба  занону  духтарон,  ҷиҳати  дастгирии  рушди  фаъолияти  бонувони  ҳунарманд  ва эҷодкор  маркази  омӯзишӣ  соли 2018 таъсис  дода  шуд.

Бо  ин  мақсад  бо дастгирии   Кумитаи  Иҷроияи  Марказии  Ҳизби  Халқии  Демократии  Тоҷикистон  ва  Сафорати  Ҷумҳурии  мардумии  Чин  16  адад  мошинаи  дарздӯзӣ  ба  Маркази омӯзиши ҳунарҳои мардумии   ноҳияи  Кӯшониён  тақдим  гардида буд, ки 16 нафар занони деҳа бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардида, ба Маркази омӯзишӣ асосан, занону духтарони хонашин ба кор ҷалб шудаанд, ки ба дӯхти либосҳои миллии занона машғул мебошанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg